Бо андӯҳи амиқ хабар медиҳем, ки шаби 13 январ соли 2025 Қулмамад Паллаев, зиндонии сиёсӣ, зодаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар яке аз зиндонҳои низоми худкомаи Раҳмон даргузашт.Паллаев, ки 50 сол дошт, аз тазоҳуротчиёни гирдиҳамоии моҳи майи соли 2022 дар шаҳраки Вамар буд. Баъд аз ин ҳодиса дастгир гардида, бе риъояи қавонини... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди ҳодисаҳои ахир дар Язгулом

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ибрози нигаронии шадиди худ аз боздоштҳои ахир дар Язгулом ва ҷорӣ сохтани маҳдудият дар ин минтақа, қотеъона аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон талаб мекунад, аз рафторҳои хушунатомез бо шаҳрвандон парҳез кунанд ва кормандони амниятии поймолкунандаи қонунро муҷозот намоянд ва ҳукумат аз зулму ситами беҳад ба мардуми... Читать далее →

Гуфтани воқеияти Помирро ҳукумат хиёнат медонад

Рустами Ҷонӣ 24-уми июн ду журналисти помирӣ, Муяссар Садоншоев 11 сол ва Ифтихор Саидбеков 10 сол ҳукми ҳабс гирифтанд. Суди саркӯбгар онҳоро бо банди "хиёнат ба ватан" гунаҳкор донист. Ин ду ҷавон, ба қавли мақомоти тоҷик, муроҷиатҳои "Комиссияи 44"-ро навор мегирифтанд, танзим карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд. Муҳтавои ин муроҷиатҳо қонунӣ буданд ва кирдори... Читать далее →

Узум ту живҷ, мардуми сарбаланду озодаи Бадахшон!

Зафари Сӯфӣ Музаффар Давлатмиров, ин халифаи сарбаланд ва озодаро додгоҳи бедодгар панҷ сол маҳкум ба зиндон карда. Танҳо ҷурме, ки ӯ дошт, чоплус набуд, имонашро ба савдо нагузошт, ҷавонмардиву садоқатро усули зиндагияш қарор дода буд. Ӯ ба сифати як руҳонӣ ва як мусалмон вазифаву қарзи худ донист, ки ҷанозаи Муҳаммадбоқирро баргузор кунад. Ҳукумат мехост, ки... Читать далее →

Аксҳое аз саркӯби мардуми осоишта дар Бадахшон

Анора Саркорова дар ёддоште аксҳоеро аз эътирози мардуми осоиштаи Бадахшон ба рафторҳои ғайриқонунии КДАМ ва ВКД гузоштааст. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуда: “Душанбеи расмӣ иддао дорад, ки эътирозгарон гӯё мусаллаҳ буданд. Ҳоло, аксҳои ширкаткунандагон дар эътирози маданиро мунташир мекунам. Аксҳо ба равшанӣ нишон медиҳанд, ки аҳолии осоишта ягон силоҳ надоранд ва дошта ҳам наметавонистанд. Тазоҳуроти рӯзи... Читать далее →

Рустами Ҷонӣ: “Рӯзи додхоҳӣ наздик аст”

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, бо ишора ба фоҷеаи Рӯшон, ки режими Раҳмон дар он беш аз 20 нафар шаҳрванди мусолиматомезро ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро захмӣ намудааст, навишт: “Яке аз фаъолони помирӣ дар мукотиботи шахсӣ хабар расонд, ки мақомоти тоҷик ӯро парванда кардаанд.” Ҷонӣ аз забони ин тоҷики бадахшонӣ навишт, ки ӯ... Читать далее →

Шераму андар биёбони бало афтодаам

Шераму андар биёбони бало афтодаам. Чун Ҳусайни дар миёни Карбало афтодаам. Ашкрезонам, ғарибам, хастаам, бечораам, Ё ки боронам аз боми ҳаво афтодаам? Гар сухан аз ҳақ бигӯйӣ, торуморат мекунанд, Дар миёни ин ҳалоҳилҳо чаро афтодаам? Одам ар бо қимати ҳайвон баробар мекунанд, Ман, ки ҳайвон нестам, гӯед куҷо афтодаам? Юсуферо корвоне кард бурун аз чоҳи... Читать далее →

Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нахоҳад шуд!

Сафҳае аз таърихи Тоҷикистон: Дар моҳи майи соли 2022, раисиҷумҳури худхондаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуҷум ва даҳҳо шаҳрванди бегуноҳро қатл ва садҳои дигарро захмӣ намуд. Дар натиҷаи ҳуҷуми бераҳмонаи ӯ ба ин минтақа, садҳо зан бешавҳар ва модарҳо доғдида гардиданд. Ин ҷинояти Раҳмон дар таърихи кишварамон сабт ва ҳаргиз фаромӯш... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑