Сафҳаи сайти Pamir Daily News дар Фейсбук бо такя бар манобеи худ дар Хоруғ хабар дод, ки Салам Имомназаров дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми бозгашт аз Туркия, боздошт шудааст. Ба гуфтаи манобеъ, Салам Имомназаров рӯзи 18 феврал пас аз муолиҷаи кӯтоҳ дар Туркия, ба Душанбе бармегашт. Вай бо аҳли оилааш дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Манобеъ мегӯянд,... Читать далее →
Алим Шерзамонов: “Се сол пеш бо чунин аҳмақӣ Шарофиддин Гадоев рабуда шуда буд”
Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба истирдоди Амриддин Аловатшоев аз Русия ба Тоҷикистон ва иҷбори вай барои баромади телевизионӣ, изҳор дошт, ки фарқи қазияи Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони барҷастаи Тоҷикистон, бо Амриддин Аловатшоев дар ин аст, ки дар он вақт, дар муқобили мақомоти тоҷик, давлати... Читать далее →
Ҳукумат аз помириҳо ҳаққи шикояту даъворо гирифтан мехоҳад – (Акс)
Рустами Ҷонӣ Ҳукумат аз помириҳо забонхат мегирад, ки эътирозу тазоҳур накунанд. Ҳич касро дифоъ нанамоянд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро, ки мақомот “сардори аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” меномад, “муҳофизати ғайриқонунӣ” накунанд. Дар акс худро шарики ҷиноят бояд эътироф кунанд ва: “Дар ҳолати... боздошти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоят ва ягон даъво пешниҳод” накунанд, - омадааст дар забонхат. Яъне,... Читать далее →
Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR): “Амриддин Аловатшоев зери хатари шиканҷа қарор дорад”
Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷаи Тоҷикистон ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) дар баёнияе нигаронии худро аз он изҳор доштаанд, ки Амриддин Аловатшоеви 44-сола, зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, зери хатари шиканҷа, бадрафторӣ, мурофиаи ноодилона ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон пас аз баргардонидани маҷбурии ӯ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи... Читать далее →
Қазияи Бадахшон
“Бӯҳрони Бадахшон фақат як роҳи ҳал дорад, ки бидуни қурбонӣ ва бидуни ҳеч хатар ба амнияту суботу якпорчагии кишвар сурат мегирад ва дар ростои манфиати миллӣ судовар мебошад. Он роҳи ягона дахолати бевоситаи раиси ҷумҳур ва музокира ва комилан сарфи назар кардан аз ҳама гуна гузинаи низомӣ ва истифода аз зӯр ва силоҳ аст...” Зафари... Читать далее →
Раҳмон гӯли “мақоми эътиборӣ”-ро хӯрдааст
Сайидюнуси Истаравшанӣ Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз Бадахшон Ҳафтаи ҷорӣ ба дифоъ аз Бадахшон ва мардуми бепаноҳаш, ки эҳтимол дорад, ба ин диёр лашкар кашида шавад, ихтисос дорад. Барои ошноӣ бо рухдодҳои Бадахшон ва дифоъ аз мардуми он, ба сойти “Зиндониён” руҷӯъ шавад. Дар ёддошти ин ҳафта, дар бораи мақом ва ҷойгоҳ, ки инсон гоҳе... Читать далее →
Мутахассис: “200% бар ин боварам, ки Амриддинро задаанд”
Рустами Ҷонӣ Аз табибе, ки дар бахши ташхиси намои инсон маҳорати бесобиқа дорад, хостем вазъи Амридин Аловатшоевро аз рӯи тасвир ва видео баҳо диҳад. Ному насаби ӯро намеорем, чунки намехоҳем сабаби таҳдид ба ҷону озодиаш шавем. Фақат мегӯям, ӯ дар ҷои бонуфузе дар яке аз кишварҳои Аврупо кор мекунад. Барои ташхис тасвир ва видеои зиёд... Читать далее →
Матни пурраи муроҷиати полковник Мамадбоқир Мамадбоқиров ба мардуми Тоҷикистон ва мақомот
Салом алайкум. Ман Мамадбоқиров Мамадбоқир, сокини шаҳри Хоруғ ҳастам. Аз дасти Ҳукумати ВМКБ 30 сол мешавад, ки дар бало ҳастам. Сабабашро намедонам. Мумкин аст, ки каме ҳам бошад, тарафдори ростӣ ҳастам, гапи ҳақро мезанам ва мардумро каму беш дастгирӣ менамоям. Барои ҳамин ҳукуматдорон маро бад мебинанд. Дар Бадахшон ҷавонон қариб намондаанд, муттахассисон ва ходимони моро... Читать далее →
Ҳюман Райтс Вотч: “Фавран дар ВМКБ интернетро барқарор кунед!”
Имрӯз, 7 феврали 2022, Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Тоҷикистон хост, фавран дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) интернетро барқарор кунанд. Дар байнияи ин созмон омадааст, ки дастрасӣ ба интернет 25 ноябри соли 2021 дар пайи эътирозҳои густурда алайҳи куштори як сокини маҳаллӣ дар Хоруғ қатъ шуда. Human Rights Watch... Читать далее →



