Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Куҳансолтарин зиндонии режими Раҳмон – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон ба шаҳодат расид Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ хабари марги сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф, узви Раёсати олии ҲНИТ ва сардабири собиқи рӯзномаи «Наҷот» – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро дар зиндон ба пайвандон ва ҳамсафони ӯ таслият мегӯяд. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ... Читать далее →

Ба муносибати зодрӯзи домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсат ва руҳонияти тоҷик, домулло Зубайдуллоҳи Розиқро табрик ва муборакбод мегӯяд. Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз чеҳраҳои шинохта ва муҳимми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки солҳо дар ин ҳизби сиёсӣ ба ҳайси аъзои раёсати олӣ, воизи маъруф ва... Читать далее →

Номаи саркушодаи КШНГЗС оид ба вазъи саломатии Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен), Умед Бобозода Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Мансурҷон Умаров Ва низ ниҳодҳои марбута. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикиситон (КШНГЗС), ба василаи ин номаи саркушода, ба шумо мерасонад, ки бар асоси ахбори расида ба дасти мо аз сӯйи бастагони Зубайдуллоҳи Розиқ, вазъи... Читать далее →

Панҷ хислати устод Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ Илҳом Ёқубзода Оё Шумо Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносед? Ман ифтихор аз он дорам, ки ин шахсияти бузург ва қаҳрамони даври мо устод Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносам. Ӯ як қаҳрамони зинда аст, олиму донишманд, мутафаккир, руҳонӣ, исломшинос, сиёсатшинос ва рӯзноманигор. Пеш аз ҳама номи ин бузургворро мешунавам ва ё мехонам,... Читать далее →

Адабиёти динӣ чист?

Ба қалами Шоҳраҷаб Шоҳимӣ Ин мавзӯъро мехоҳам тариқи суолгузорӣ матраҳ кунам: як олими динӣ дар бораи адабиёти динӣ маълумот надошта бошад, ӯ чӣ гуна олим аст? Як донишманди динӣ дар бораи адабиёти динӣ чизе надонад, нахонад ё таълиму тадрис накунад, олим буданаш зери суол бояд равад. Аслан вожаи “адабиёти динӣ” як вожаи авомфиребонаи дастгоҳҳои амнияту... Читать далее →

Зубайдуллоҳи Розиқ боз ҳам ба утоқи ШИЗО интиқол дода шуд

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, мақомоти Тоҷикистон зиндонии сиёсии тоҷик, Зубайдуллоҳи Розиқи 80-соларо боз дар утоқи ҷаримавӣ маъруф ба ШИЗО интиқол доданд. Сабаби шиканҷа шудани ин собиқ роҳбари академияи ҲНИТ “дарёфти” адабиёти динӣ ва китоби Қуръон дар ҷои хобаш гуфта мешавад. Дар ин бора писари ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Вай навиштааст: “Шармандагии режими Раҳмонов,... Читать далее →

Зодрӯзатон хуҷаста бошад!

Имрӯз (8 август) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ Домулло Зубайдуллоҳ Розиқов ва ҳамзамон зодрӯзи фарзанди барӯмандаш, ки ӯ ҳам дар зиндон аст, Асроруддин мебошад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин падару писарро ба ин муносибат табрик мегӯяд ва таманно дорад, Худованди Мутаъол онҳоро ҳар чи зудтар аз сиёҳчоли режими Эмомалӣ Раҳмон озод созад.... Читать далее →

Нигоҳе кӯтоҳ ба зиндагиномаи домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Муҳаммадсаъид Ризоӣ Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим “Мубориза ва истиқомат дар роҳи Худо ва ҳадафи олӣ сахтиҳои зиёд дорад, вале кафили бақои ислом, арзишҳои волои он ва ҳаёти хушу сарбаландонаи башарӣ мебошад...” “Бояд донист, ки мушкилоту сахтиҳо ва хавф, ғаму андӯҳ, ранҷ ва заҳмату зарар дар ин роҳ ҳама имтиҳони илоҳӣ буда, шахсият ва мақому ҷойгоҳи пӯяндагони... Читать далее →

Як лаҳза худро ба ҷои домулло Зубайдуллоҳ гузор ва тасаввур кун

Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъоли сиёсии тоҷик - Шояд аксари мову шумо дар ин гармои тобистон дар хонаҳои сарду форам ва ё дар паркҳо зери сояи дарахтон нишаста бошему истироҳат кунем. Аммо медонед, домулло Зубайдуллоҳи 80-сола бошад дар як утоқи хурди пурнами нафасгири гарми ШИЗО муҷозот мешавад. - Шояд мову шумо ба хотири хуб сард нашудани обҳои... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑