Шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ ва оддӣ табдил гардидааст

Номаи саркушода ба: Созмони Милали Муттаҳид (UNHRC) Созмони Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) Дидбони ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) Намояндаи Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон Сафоратхонаҳои муқими кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон Тоҷикистон кишварест, ки солҳост ҳуқуқи инсон дар он ба бадтарин шева поймол мешавад ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС дар хусуси ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи хонаводаи Ёқубовҳо

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи фаъоли сиёсӣ ва раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо - Илҳомҷон Ёқубов, падараш, устоди донишгоҳ - Дадоҷон Ёқубов, модари азизаш – Очаҷон Ёқубова ва хоҳараш – Мунира Ёқубоваро ба шиддат маҳкум карда, онро ғайриодилона медонад ва ва аз Додгоҳи олии... Читать далее →

Номаи сакушодаи Илҳомҷон Ёқубов ба Раиси Суди шаҳри Хуҷанд

Илҳомҷон Ёқубов, узви фаъоли ПМТ ва раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо, тайи номае саркушода ба Раиси Суди шаҳри Хуҷанд, ҳукми додгоҳ дар ғиёби ӯ, падар ва хоҳарашро ғайриқонунӣ дониста, онро хилофи қонунҳои ҷазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қисми 4 моддаи 280 КМҶ ҶТ ва низ моддаҳои 280, қ.4; м.286 қ.3 ва моддаи 307... Читать далее →

Пажӯҳишгари собиқи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, ҳукми додгоҳи Хуҷанд нисбати хонаводаи Ёқубовҳоро, “саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ” хонд

Стив Свердлов, ҳуқуқшиноси маъруф, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон дар донишгоҳ ва пажӯҳишгари собиқи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), ҳукми додгоҳи Хуҷанд нисбати хонаводаи Ёқубовҳоро, “саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ” хонд. Вай дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) навишт: “Як мавриди дигар аз саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ дар Тоҷикистон. Хонаводаи Илҳом Ёқубов, фаъоли... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “Магар Илҳомҷон ва падари гиромиаш хоки Тоҷикистонро ба касе фурӯхтаанд, ки ба унвони хоини миллат маҳкум гарданд?”

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз хонаводаи Ёқубовҳо Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо баёни ин ки КШНГЗС имрӯз вазифаи худ медонад, ки “дар баробари ин ҳукми ғайри одилона, ҳимояти худро эълон кунад ва аз Илҳомҷон ва Ҳоҷӣ Бобо Дадоҷон Ёқубов дифоъ кунад”, гуфт: “Ҷойи таассуф аст, ки ба... Читать далее →

Панҷ хислати устод Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ Илҳом Ёқубзода Оё Шумо Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносед? Ман ифтихор аз он дорам, ки ин шахсияти бузург ва қаҳрамони даври мо устод Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносам. Ӯ як қаҳрамони зинда аст, олиму донишманд, мутафаккир, руҳонӣ, исломшинос, сиёсатшинос ва рӯзноманигор. Пеш аз ҳама номи ин бузургворро мешунавам ва ё мехонам,... Читать далее →

Ҷузъиёти шаҳодат ва маросими ба хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев аз забони Илҳомҷон Ёқубов

Илҳомҷон Ёқубов ҷузъиёти наверо дар бораи чигунагии маросими ҷаноза ва хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев баён дошт. Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ, бо ишора ба шаҳодати Умедҷон Тоҷиев ва маросими хоксупории ӯ дар январи соли 2014, гуфт: “Вақте Умедҷонро ба шаҳодат расонданд, ман раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС дар бораи сӯиқасд ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов

Субҳи рӯзи душанбе (16 март) ба ҷони раҳбари Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), Илҳомҷон Ёқубов, сӯиқасд сурат гирифт ва Ёқубов аз он ҷон ба саломат бурда, дар ҳоли ҳозир дар бемористон қарор дорад. Тибқи гузориши сойти Паём, ҳамла ба ҷони ӯ субҳи рӯзи душанбе (16 март,... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑