Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Куҳансолтарин зиндонии режими Раҳмон – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон ба шаҳодат расид Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ хабари марги сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф, узви Раёсати олии ҲНИТ ва сардабири собиқи рӯзномаи «Наҷот» – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро дар зиндон ба пайвандон ва ҳамсафони ӯ таслият мегӯяд. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ... Читать далее →

Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар робита ба гуруснанишинии Амриддин Холмуродов дар зиндони Словакия

Дар маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе (Словакия) аллакай чанд рӯз аст, ки Амриддин Холмуродов, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон ва аз мунтақидони шинохтаи ҳукумати Душанбе, аз 10 август ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ӯ мегӯяд, ки парвандааш моҳҳо боз бебаррасӣ мондааст ва мақомот ҳеҷ тавзеҳ намедиҳанд.«Манро бо айбҳои сохта боздошт карданд. Озод намекунанд... Читать далее →

Паёми табрикии КШНГС ба баҳонаи Рӯзи байналмилалии Бонувон

Зан, модар зеботарин офарида дар миёни офаридаҳои Худованд. Зан, модар нишонае аз муҳаббат, ишқ ва зиндагӣ. Зан, модар беҳтарин шарики зиндагӣ дар олами ҳастӣ. Бо ин вуҷуд, ин умедбахш ба ояндаи неки зиндагӣ дар тули масири зиндагии худ, муносиб ба мақому ҷойгоҳи баланди худ қадр карда нашудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 уми март (Intrnational Women's... Читать далее →

7 нафари дигар узви КШГНЗС шуданд

Бино бар гуфтаи сухангӯи КШНГЗС, дар таърихи 15 январи соли ҷорӣ ҷаласаи солонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) - созмони дифоъ аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ ва гаравгонҳо баргузор шуд. Дар ин ҷаласа бо раъйи аксарияти аъзо, Бобоев Абдусаттор бори дигар ба симати раиси ин кумита интихоб гардид. Ҳамчунин дар таърихи 22... Читать далее →

Абдуллоҳро танҳо нахоҳем гузошт!

Ҳафтаи Абдуллоҳи Шамсиддин Инак, ҳудуди 10 рӯз мешавад, ки хабаре аз Абдуллоҳи Шамсиддин нест. Танҳо ҳамин миқдор маълум аст, ки ин фаъоли сиёсӣ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо ишора ба истирдоди ӯ ба Тоҷикистон гуфт, сабаби истирдоди ин ҷавони пурталош ба Тоҷикистон ҳанӯз ба... Читать далее →

“Ман орзу дорам, ки то охири умр ҳамчун хидматгузор дар ҲНИТ боқӣ бимонам”

Ба муносибати Ҳафтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад Ин ҳафта барои зиндонии сиёсӣ, он фақеҳи олиқадр ва коршиноси мароифи исломӣ, аз шогирдони боризи марҳум Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, узви Комиссияи Оштии Миллӣ дар собиқ, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва раиси Комиссияи тафтишотии ин ҳизб, Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ихтисос дода шудааст. Мавлавӣ... Читать далее →

Абдусамад Fайратов кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Абдусамад Ғайратов Зиндонии сиёсӣ Fайратов Абдусамад Исмоилович маъруф ба Ҳоҷӣ Абдусамад, фаъоли сиёсӣ, сиёсатмадор, раиси собиқи шӯъбаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб, узви Раёсати олии ҲНИТ ва соҳибкор, дар санаи 11 январи соли 1967 дар хонаводаи коргар дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Ӯ дар таърихи 16-уми сентябри 2015 аз... Читать далее →

КШНГЗС: “Бархӯрди ҳукумат бо мардум дар Бадахшон зулму душмании ошкор ва террори мардуми осоишта аст”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар баёнияе, тарзи бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон бо мардуми Бадахшонро “зулму душмании ошкор ва террори мардуми осоишта” дониста, шадидан маҳкум ва аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, то ҳар чи зудтар аз саркӯбҳо даст бардоранд ва ба хостаҳо ва эътирози мардум таваҷҷӯҳ ба амал оваранд. Машрӯҳи баёнияи... Читать далее →

Барқияи табрикотии КШНГЗС ба муносибати зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ва раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав Иззат Амонро барои ӯ ва бастагонаш самимона табрику таҳният мегӯяд. Иззат Амон аз камшумортарин тоҷиконе буд, ки фаъолияташ дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва хусусан тоҷикони муҳоҷир дар Русия буд,... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑