Абдураҳмон Маҳмудов фавран озод шавад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни маҳкум кардани боздошти фаъоли иҷтимоӣ, Абдураҳмон Маҳмудов дар Туркия, аз ҳукумати ин кишвар ва мақомоти интизомии он тақозо мекунад, фавран ин фаъоли иҷтимоиро озод кунанд. КШНГЗС аз созмонҳои ҳуқуқи башари Туркия ва низ созмонҳои марбутаи байналмилалӣ таваққӯъ дорад, роҷеъ ба боздошт ва истирдоди мухолифон ва... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди боздошти Муҳибулло Нуриддинов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани боздошти Муҳибулло Нуриддинов - бародарзодаи марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон тақозо мекунад, фавран ӯро озод ва ба хотири боздошти беҷиҳати вай, аз ӯ узрхоҳӣ намоянд. КШНГЗС бо итминони комил мегӯяд, Муҳибулло Нуриддинов ҳеч айб ва гуноҳе ба ҷуз... Читать далее →

КШГНЗС: “Ҳуқуқи занону модарон дар Тоҷикистон ба шакли асафборе поймол мешавад”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо судури баёнияе ба муносибати 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон, хотирнишон кардааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ин ки 8 мартро ҳамчун Рӯзи Модар унвон кардааст, вале ҳуқуқи занону модарон дар Тоҷикистон нодида гирифта шуда ва ба шакли асафборе поймол мешавад. Машрӯҳи баёнияи КШНГЗС ба шарҳи зерин... Читать далее →

Даъвати шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷик ва бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии фаврии Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон – (Акс ва видео)

Шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷикистонии муқими Аврупо ҳамроҳ бо теъдоде аз бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, дар маросиме дар Литвонӣ, аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, фавран Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз зиндон озод кунад. Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар суханоне дар ин маросим, бо ишора ба 8... Читать далее →

Тақдиру ташаккури Муҳаммад Тағоев аз ҳамаи онҳое, ки барои озодии ӯ талош кардаанд

Имрӯз (06.03.2022) дар ҷаласаи навбатии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) Муҳаммад Тағоев – блогер ва фаъоли маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ширкат кард. Ӯ, ки ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 дар Қазоқистон боздошт ва зиндонӣ шуда буд ва бо талоши дӯстон дар “Гурӯҳи 24”, КШНГЗС ва созмонҳои... Читать далее →

Шоҳида Маҳмадҷонова кист?

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова Маҳмадҷонова Шоҳида, зодаи 15 апрели 1977 дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Медколлеҷи шаҳри Ваҳдат таҳсил ва онро хатм кардааст. Шоҳида ба муддати 18 сол дар шӯъбаи уролоҷии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба унвони ҳамшираи шафқат кор карда. Ӯ модари блогер, Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон09”... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “Ба ҷои Муҳаммадбоқир, ба дунболи Иброҳим Исмоил биравед!”

Абдусаттор Бобоев бо ишора ба тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои боздошти Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, аз раҳбарони минтақаи Бадахшон, гуфт, агар мақомот дар иддаои худ содиқ бошанд, марҳамат пеши роҳи Иброҳим Исмоил (аз раҳбарони “Фронти халқӣ”), ки писари худро куштааст, бигиранд! Вай афзуд, агар имрӯз ҳукумат ба Кӯлоб барои боздошти Иброҳим Исмоил биёяд, бо боварии комил мегӯям, ки... Читать далее →

КШНГЗС: “Шоҳида Маҳмадҷонова фавран озод шавад!”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тақозо кард, “фавран маҳалли нигаҳдории Шоҳида Маҳмадҷоноваро эълон кунанд ва маълум намоянд, ки чаро ва ба кадом далел ин бону ба хотири фаъолияти фарзанди болиғаш зери фишор қарор мегирад?” КШНГЗС афзуд: “Писари ӯ болои 18 сол син дорад ва худаш масъули гуфторҳо ва... Читать далее →

Нусратулло Саидов кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Нусратулло Саидов, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев Саидов Нусратулло Атоевич дар таърихи 02.07.1973 дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 1980 ба мактаби миёнаи рақами 20-и ноҳияи Вахш дохил ва дар соли 1990 онро хатм намудааст. Нусратулло Саидов бародарзодаи устоди марҳум Саидабдуллоҳи... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑