Амриддин Аловатшоев кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Нусратулло Саидов, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ дар Русия мезист ва дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод. “Вай бештар мушкили муҳоҷиронро бо корфармоён дар Русия ҳал мекард. Пули онҳоро гирифта медод. Аз ин рӯ,... Читать далее →

Чоршанбе Чоршанбиев кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Нусратулло Саидов, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев Чоршанбе Чоршанбиев зодаи 15 майи соли 1995 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ мактаи миёнаро дар шаҳри Хоруғ хонда ва дар ҳамин шаҳр бузург шудааст. Чоршанбе аз хурдсолӣ ба варзиш алоқа дошт. Дар хурдсолӣ ба варзиши сабук (лёгкая атлетика) машғул... Читать далее →

Муроҷиати хонавода ва пайвандони Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, собиқ роҳбари Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ва Комиссияи Оштии Миллӣ бобати боздошти Нусратулло Саидов

https://videopress.com/v/dTHvazTH?resizeToParent=true&cover=true&preloadContent=metadata Мо инҷо ҷамъ омадагон аз наздикон ва бастагони Нусратулло Саидов мебошем. Нусратулло бародарзодаӣ устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, яке аз ҷиноҳҳои барқарории сулҳ ва оштии миллӣ дар кишварамон мебошанд. Сабаби ин ҷамъ омадан нигаронии амиқи худ нисбати боздошти бародарамон мебошад. Чуноне, ки аз шабақаҳои иҷтимоъи алакай хабар доред, рӯзи 24 уми январ бародари мо... Читать далее →

Изҳороти КШНГЗС оид ба боздошти Нусратулло Саидов

25 январи соли 2022 ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) хабари боздошти Нусратулло Саидов, яке аз пайвандони зиндаёд Сайидабдуллои Нурӣ расид. Бино ба гуфти Муҳамадҷон Нурӣ, муовини раиси КШНГЗС, Нусратулло Саидовро 24 январ баъд аз зуҳр ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даъват карда, баъд онҷо боздошт карданд.... Читать далее →

Маҳмурод Одинаев кист?

Маҳмурод Одинаев зодаи 1 марти соли 1962-и шаҳри Ҳисор ва сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ҳамин шаҳр аст. Вай пас аз хатми мактаби миёна, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқ (юридический факультет) таҳсил ва аз он фориғуттаҳсил шудааст. Одинаев ҳуқуқшинос (юрист) аст. Ӯ яке аз фаъолони барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда мешавад. Одинаев пеш аз зиндонӣ шуданаш,... Читать далее →

Чаро Мирзоолимро зиндонӣ кардаанд?

Ба қалами Муҳаммадсаъид Ризоӣ “Мулло Мирзоолим ба хотири истифода аз мансаб ё хиёнат ба кишвару мардум зиндонӣ нашудааст. Ӯ заминҳои кишварашро нафурӯхтааст. Молу сарвати мардум ва дороиҳои миллаташро ба фоидаи худ, оила ва наздикон дар ҳисобҳои офшорӣ ба берун аз кишвар набаровардааст... Вай як муслиҳ аст ва ба ин хотир, ки некандешу хайрхоҳ ба мардум... Читать далее →

Баёнияи таслият ба муносибати даргузашти Бобои Мирзоумар

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо андӯҳи амиқ даргузашти зиндонии сиёсӣ, узви фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси бахши ин ҳизб дар ноҳияи Ваҳдат, Табаров Мирзоумарро ба аъзоёни ҲНИТ, махсусан хонавода ва наздикони марҳум таслият арз медорад. Бобои Мирзоумар 77 сол умри бобаракат дошта, дар ҳаводиси соли 2015 бо... Читать далее →

Гузориш аз ҷаласаи 16 январи КШНГЗС

Дар таърихи 16 январи соли 2022 Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГЗСТ), ки бо номи "Кумитаи наҷот" машҳур аст, ҷаласаи навбатии худро баргузор кард. Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мувофиқи оинномаи ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон алалхусус зиндониён ва гаравгонҳои сиёсии Тоҷикистон, интихоби муовини якуми раиси кумита ва ду муовини дигари раиси... Читать далее →

Мирзоолим Холов кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Мирзоолим Холов Мирзоолим Одинаевич Холов мутаваллиди 1-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Ленинобод (Суғди кунунӣ) аст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, дар соли 1976 дар Омӯзишгоҳи миёнаи касбӣ-техникии рақами 35-и ноҳияи мазкур ворид ва дар соли 1979 аз он фориғуттаҳсил шудааст. Мирзоолим аз соли 1991 дар колхози Сангинови... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑