Ба муносибати Ҳафтаи Иззат Амон Иззатулло Холов маъруф ба Иззат Амон, 20 апрели соли 1973 дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони деҳаи Зафар (Горбаня)-и ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон зода шудааст. Вай соли 1990 мактаби миёнаро хатм ва дар соли 1997 фориғуттаҳсили бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Иззат Амон ҳамчунин фориғуттаҳсили Донишгоҳи Фирдавсии Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон буда... Читать далее →
Раиси КШНГЗС: “Ҳамаи фаъолияту заҳматҳои аъзоёни Кумита холис аз барои Худо буд”
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо баёни ин ки “ҳамаи фаъолияту заҳматҳои аъзоёни Кумита холис аз барои Худо буд ва касе ягон маротиба аз ягон ҷой ягон кӯмак ва маош нагирифтанд” гуфт: “Аз ҳамаи азизони Кумита эҳтиромона хоҳиш ва илтиҷо мекунам, ки ҳеч вақт нагузоранд, ки Кумита лаҳзае... Читать далее →
Аз бадхоҳ некӣ намеояд
Муҳаммадсаид Ризоӣ Ба муносибати Ҳафтаи Воҳидхон Қосиддинов Бисмиллоҳир раҳманир раҳим “Диёри ёрони Худо”. Ин тавсифро Устод Нурӣ (р) дар дидор аз деҳаи Чоркӯҳ ва аз мардуми шарофатманди он, дар даврони фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ кардааст. Чоркӯҳ дар ноҳияи Исфара ҷой дорад. Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, дар диндорӣ ва шариатдӯстӣ, инсоннавозиву мусулмондустдорӣ пешқадам буд.... Читать далее →
Олег Панфилов: “Қудрати аслӣ дар давлат мардум аст. Мардум бояд ин қудратро бишиносанд ва битавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд”
Профессор Олег Панфилов, рӯзноманигор, нависанда ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Салим Султонзода, узви фаъоли Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо таъкид бар ин ки “ҷомеаи мадании шоиста он ҷомеаи мадание аст, ки қонунро бишиносад ва мақомоти худро водор ба риояи он кунад”, баён дошт: “Ҳадафи аслии... Читать далее →
Баёнияи КШНГЗС оид ба боздошт, истирдод ва маҳкум кардани Чоршанбиев
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёнии сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани боздошти размкори муҳорибаҳои бидуни қоида (ММА), Чоршанбе Чоршанбиев дар шаҳри Маскави Русия ва сипас истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ва маҳкум кардани вай ба иттиҳомҳои беасос, ин иқдомро хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки ҳам дар қонунҳои мавҷуд дар Русия ба он ишора... Читать далее →
Баёнияи КШНГЗС роҷеъ ба боздошти фаъоли “Гурӯҳи-24”, Насим Шарипов
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) огоҳ гардид, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, узви фаъоли “Гурӯҳи-24”, Насим Шарипов, ки айни замон дар Туркия ба ҳайси паноҳанда зиндагӣ мекунад, аз ҷониби пулиси Туркия боздошт шудааст. Номбурда аз соли 2015 дар Туркия кору фаъолият мекунад. Ӯро соли 2018 ва соли 2020 низ дар Туркия боздошт... Читать далее →
Воҳидхон Қосиддинов кист?
Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор, фаъоли иҷтимоӣ, раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, муовини собиқи раиси ҲНИТ, раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара ва раиси собиқи дастгоҳи ин ҳизб аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломӣ мебошад. Воҳидхон соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар оилаи косиб таваллуд шудаааст. Ӯ шаби 16-уми сентябри... Читать далее →
Мутаассифона, шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст
Ба қалами МАВҶУДА СОҲИБНАЗАРОВА, рӯзноманигор ва муовини раиси КШНГЗС Ҳукумати Тоҷикистон ба талаби пай дар пайи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон нисбат ба аз байн бурдани шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар таваҷҷӯҳе зоҳир наменамояд. Ҳатто муроҷиати хаттии наздикони зиндониён ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҷавоб... Читать далее →
Депорти Шовализода аз Австрия ба Тоҷикистон лаккаи нанге ба чеҳраи Аврупост
Ба қалами МАҲМУДҶОН ФАЙЗРАҲМОНОВ, раиси департаменти умури хориҷаи ПМТ Депорти Ҳизбулло Шовализода, шаҳрванди Тоҷикистон ва фаъоли тоҷик, аз Австрия ба Тоҷикистон бо вуҷуди ҳушдорҳои шадиди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз авоқиби он, як лаккаи нанге бар демократия ва озодихоҳии Аврупо ба шумор меравад. Баъди он ки ҷаноби Шовализода аз Австрия ба Тоҷикистон депорт шуд, ӯ бо... Читать далее →



