Баёнияи КШНГЗС оид ба муҷозоти зиндониёни сиёсие, ки ба раисиҷумҳур нома навиштанд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани муҷозоти ду зиндонии рӯзноманигор ва аз раҳбарони ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб ва шуморе дигар бо бурдан ба утоқи ҷазо (ШИЗО) пас аз номаи ин ду зиндонии сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ниҳодҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарии... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оид ба номаи ду зиндонии сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо таваҷҷӯҳ ба номаи саргушодаи ду зиндонии сиёсӣ: Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ - ду узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ - ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва шарҳу тавзеҳи онҳо аз чигунагии боздошт ва ғайриодилона зиндонӣ шудан ва дархости онҳо мабнӣ бар аз нав дида баромадан... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оид ба заҳролудшавии зиндониён

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни ибрози нигаронии амиқи худ нисбат ба вазъияти пешомада дар зиндони нав дар Ваҳдат, ки ҳудуди 40 нафар зиндонӣ заҳролуд гардида ва дар шароити бисёр вахим қарор доранд, аз тамоми созмонҳои марбутаи дохилӣ ва хориҷӣ тақозо мекунад, дар ин қазия дахолат кунанд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди ду кушташуда дар зиндон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) қатли бераҳмонаи ду нафар аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дар зиндони маъруф ба "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдатро шадидан маҳкум ва аз мақомоти марбутаи зиндони мазкур тақозо мекунад, сабаби ваҳшиёна кушта шудани ин ду мухолифи зиндониро барои афкори умумӣ тавзеҳ бидиҳанд ва ҳамчунин аз мақомоти интизомии кишвар интизор дорад,... Читать далее →

Баёнияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ роҷеъ ба зиндони шудани Иззат Амон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) ҳукми 9 сол зиндонӣ шудани ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, Иззат Амонро хилофи тамоми меъёрҳои инсониву қонунӣ дониста, ин ҳукми золимонаро шадидан маҳкум мекунад. Иззат Амон, ки ба муҳоҷирони корӣ дар Русия кӯмак менамуд ва аҳёнан аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард, аввал аз Русия рабуда ва... Читать далее →

Муҳаммадалӣ Исломов озод шуд. Табрик мегӯем!

Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, ахиран аз зиндон ва пас 6 сол озод шуд. Ӯро ба баҳонаҳои воҳӣ ва пуч ва беасос ба 7 сол зиндон маҳкум намуда буданд. Инак, ӯ пас аз сипарӣ шудани ин муддат, ба назди аҳли оила ва фарзандонаш баргашт. Гуфтанист, Муҳаммадалӣ Исломов мутаваллиди 4 декабри... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗ оиди шиканҷаи Абдуқаҳҳори Давлат дар зиндон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) нигаронии амиқи худ нисбат ба озору шиканҷа шудани Абдуқаҳҳори Давлат - зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ ва интиқоли ӯ ба утоқи маъруф ба “картсер”-ро иброз дошта, ин амали ғайриинсониро шадидан маҳкум ва аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекунад, даст аз ин амали зишт ва... Читать далее →

Нигаронии КШНГЗС аз мавриди таҳдид қарор гирифтани рӯзноманигорони мухолиф

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) изҳор медорад: Ахиран, хабарҳое аз чанд манбаъ ба мо расид, ки нишон медиҳанд, мақомоти амниятии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдан ва ё рабоиши рӯзноманигорони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, гурӯҳҳоеро ба ин кишварҳо сафарбар кардаанд. Тибқи хабари манбаъҳои мазкур, ин... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑