Тағйироти сохторӣ дар КШНГЗС

12-уми январи соли 2020 Анҷумани навбатии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тариқи он-лайн баргузор ва Мавҷуда Соҳибназарова ба симати муовини раиси КШНГЗС интихоб шуд. Дар кори ин Анҷуман тамоми аъзои Кумита, ки дар кишварҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд, ҳузур дошта, сохторҳои онро аз нав бозсозӣ карданд. Бар асоси раъйгирии умумӣ, ки... Читать далее →

Номаи саркушода

Ба Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Умед Бобозода Нусха ба: Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) Аз ҷониби Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) Бо салом. Боиси таассуф аст, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон шаҳрвандон ва низ хонаводаҳо ва бастагони онҳо ба хотири фаъолиятҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башариашон мавриди... Читать далее →

Шурӯъи корзори даъват ба гирдиҳамоӣ дар Берлин (видео ва тасвир)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗТ) даъвати худ аз шаҳрвандони тоҷики муқими Аврупо барои ширкат дар гирдиҳамоӣ дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Берлинро оғоз кард. КШНГЗТ эълом кардааст, ки дар санаи 10 декабри соли 2018, соати 10 ба вақти маҳаллӣ, гирдиҳамоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон... Читать далее →

Эъломияи матбуотии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълом мекунад: дар санаи 10 декабри соли 2018, соати 10 ба вақти маҳаллӣ, гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор мегардад. Дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон иборат аз ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости Кумитаи ҳуқуқи... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗТ оиди кушта шудани даҳҳо нафар дар зиндони Хуҷанд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз кушта шудани беш аз 27 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар дар зиндони Хуҷанд, ки шаби 7-уми ноябр рух дод, ибрози таассуф намуда, ба хонаводаҳои кушташудагон таслият арз мекунад. Бино ба гузоришҳо аз дохили кишвар, ин шӯриши зиндониён дар натиҷаи бадрафторӣ ва шиканҷаи... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑