Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ба Дабири кулли СММ, Антониу Гутерриш, ба раиси САҲА, Ян Борг Ҷанобони мӯҳтарам! Дар санаи 26-уми июни соли ҷорӣ, Шумо ҷаноби Ян Борг, раиси Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон сафар ва бо Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун диктатор дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст, дидор ва гуфтугӯ кардед. Ва инак Шумо ҷаноби Антониу Гутерриш,... Читать далее →

Дидор ва гуфтугӯи Раиси КШНГЗС бо шуморе аз намояндагони расонаҳои мустақил дар Лаҳистон

Ду рӯз қабл Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), Бобоев Абдусаттор, бо намояндагони расонаҳои мустақил дар Варшаваи Лаҳистон вохӯрӣ дошт. Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон рӯзи 7 июн бо рӯзноманигори сойти Инсайдер, хонум Евгения Тимарченко ва рӯзноманигорони нашрияи “Политика”-и Лаҳистон, ҷаноби Павел Решка вохӯри дошт. Зимни сӯҳбат,... Читать далее →

Баёнияи таслияти КШНГЗС оиди даргузашти ҳамсари Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо арзи таслият ба Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва фарзандон ва наздикони эшон ба хотири даргузашти ҳамсари гиромии ҷаноби Домулло, Бону Резагул Розиқова, аз даргоҳи илоҳӣ барои он марҳума биҳишти барин ва барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳон аст. Субҳи имрӯз хабар расид, ки ҳамсари зиндонии сиёсӣ ва... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оид ба озодии Сулаймон Давлатов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни ибрози хушҳолии худ аз озод шудани фаъоли сиёсӣ, Сулаймон Давлатов, аз тамоми касоне, ки дар озодии ӯ талош карданд, тақдиру ташаккур менамояд. Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ ва мухолиф, дар санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ аз тарафи маъмурони амниятии Литва – кишваре, ки ӯ дар он... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди ҳодисаҳои ахир дар Язгулом

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ибрози нигаронии шадиди худ аз боздоштҳои ахир дар Язгулом ва ҷорӣ сохтани маҳдудият дар ин минтақа, қотеъона аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон талаб мекунад, аз рафторҳои хушунатомез бо шаҳрвандон парҳез кунанд ва кормандони амниятии поймолкунандаи қонунро муҷозот намоянд ва ҳукумат аз зулму ситами беҳад ба мардуми... Читать далее →

Пешниҳоди раиси КШНГЗС ба мақомоти Тоҷикистон: “Агар 30 нафар аз зиндониёни сиёсиро озод кунед, дар манотиқи дурдаст 15 мактаб ва 15 бунгоҳи тиббӣ хоҳам сохт”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ва узви Шӯрои ПМТ, аз мақомот хост, зиндониёни сиёсиро озод кунанд ва ӯ дар муқобил, дар манотиқи дурдасти кишвар, 15 мактаб ва 15 бунгоҳи тиббӣ бино хоҳад кард. Вай, дар номае саркушода ба дастгоҳи раисиҷумҳур ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон навишт: “Аз Шумо эҳтиромона... Читать далее →

Паёми таслият ба хотири даргузашти Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳ Комилов

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун Тибқи хабаре, ки имрӯз ба мо расид, Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, ки ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, дар зиндон аз ин дунё реҳлат намудааст. Раҷабалӣ Комилов як умр ранҷ дидааст. Дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ӯ ё зери фишору таъқиб буд ё зиндонӣ.... Читать далее →

Зодрӯзат хуҷаста бошад Музаффар!

Имрӯз (1 август) зодрӯзи шоир, файласуф ва фаъоли шаҳрвандӣ, зиндонии сиёсӣ Музаффар Муборакшоев аст. Ба муносибати зодрӯзи ин донишманд, Алим Шерзамонов, муовини раҳбари ПМТ, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, зимни табрик вай навиштааст: “Зиндонии сиёсӣ, фаъоли маданӣ, шоир, файласуф, соҳибкори муваффақ, рӯзноманигоре, ки аввалин рӯзномаи шӯғнизабонро бо номи “Лозар” таъсис дод ва ба... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “Мо тамоми талоши худро барои озодии Абдуллоҳ ба харҷ хоҳем дод”

Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС таъкид кард: “Мо тамоми талоши худро барои озодии Абдуллоҳ ба харҷ хоҳем дод. Дастбардор нестем!” Ба гузориши Azda.tv, мурофиаи аввали додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 28-уми марти соли 2023 дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе паси дарҳои баста баргузор гардида, шоҳидон ва худи Абдуллоҳ пурсида шудаанд. Дар рафти мурофиа, Абдуллоҳ эътироф кардааст,... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑