Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ва раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав Иззат Амонро барои ӯ ва бастагонаш самимона табрику таҳният мегӯяд. Иззат Амон аз камшумортарин тоҷиконе буд, ки фаъолияташ дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва хусусан тоҷикони муҳоҷир дар Русия буд,... Читать далее →
КШНГЗС зодрӯзи Шоҳида Маҳмадҷоноваро табрик мегӯяд
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо табрики зиндонии сиёсӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати зодрӯзи вай, тасреҳ кард, КШНГЗС тамоми талоши худро ҷиҳати озод шудани ин Зан-Модар ба харҷ хоҳад дод. Раиси КШНГЗС дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, зимни табрики Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати рӯзи таваллуди ин... Читать далее →
Озодӣ ба Шобудин Бадалов – (Тасвир)
#Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов #Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов #Свободу_Шобудину_Бадалову #Free_Shobudin_Badalov
Номаи саркушода ба СММ, САҲА ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи тамос
Ба сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ): Дабири кулл, Шӯрои амният, Котиботи додгоҳи байналмилалӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи тамос: Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Русия, Эрон ва Афғонистон. Олиҷанобон! Бо арзи дуруди бепоён! Худ огоҳед, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ)... Читать далее →
Режими Раҳмон Шобудин Бадаловро аз Русия рабудааст
Ба муносибати Ҳафтаи Шобудин Бадалов Дар пайи мармузона нопадид шудани Шобудин Бадалов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви “Гурӯҳи 24” дар Русия дар оғози сентябри соли 2020, мақомоти Тоҷикистон аввал ба вуҷуди Шобудин Бадалов дар Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ карданд. Сипас, бо гузашти чанд рӯз, замоне, ки нопадид шудани ин фаъоли тоҷик дар Русия ба сурати васеъ... Читать далее →
Баёнияи КШНГЗС нисбат ба ҳукми ноодилонаи Шоҳида Маҳмадҷонова
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷоновро, ки бо номи “Абдураҳмон 09” блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин идомаи даҳшатфиканиҳои режими Душанбе аст, ки бори дигар ниҳояти бераҳмии ҳукуматро нишон дод. Модареро барои фаъолиятҳои писари болиғаш, ки чандин сол аст дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунад,... Читать далее →
Зиндонӣ кардани 19 тан аз нухбаҳои тоҷик ба ҷурми “хиёнат ба Ватан”
Ба муносибати Ҳафтаи донишҷӯёни зиндонӣ Режими Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш 19 тан аз нухбаҳои тоҷикро, ки баъзе устоди донишгоҳ, баъзе пажӯҳишгар ва баъзе донишҷӯ ҳастанд, ба ҷурмҳои пуч ва воҳӣ аз ҷумла “хиёнат ба Ватан” зиндонӣ кард. Иттиҳомҳое, ки ин азизон ба шиддат онҳоро рад кардаанд, ба хусус “хиёнат ба Ватан”-ро. Асосан, иттиҳоми “хиёнат... Читать далее →
Интиқоди шадиди Amnesty International аз шиканҷа шудани зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо // Интиқоди ин созмон аз зиндонӣ шудани Мирзои Ҳоҷимуҳаммад
Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар гузориши ҷадиди худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2021, зиндонӣ кардани узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро ба шиддат маҳкум карда ва онро “саркӯби озодии баён” донистааст. Гузориш ҳамчунин афзуда, ки ҳукумати Тоҷикистон “фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳомҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва... Читать далее →
Табрики КШНГЗС ба муносибати фаро расидани Наврӯз
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) фаро расидани соли нав ва иди Наврӯзро ба тамоми ҳамватанон ва касоне, ки ин идро ҷашн мегиранд, табрику таҳниат мегӯяд ва барояшон дар соли ҷадид комёбиҳо хоҳон аст. КШНГЗС умедвор аст, дар соли нави пеши рӯ сиёҳчолҳои Тоҷикистон аз вуҷуди зиндониёни сиёсӣ ва касоне, ки фақат... Читать далее →



