Баёнияи КШНГЗС роҷеъ ба боздошти фаъоли “Гурӯҳи-24”, Насим Шарипов

Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) огоҳ гардид, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, узви фаъоли “Гурӯҳи-24”, Насим Шарипов, ки айни замон дар Туркия ба ҳайси паноҳанда зиндагӣ мекунад, аз ҷониби пулиси Туркия боздошт шудааст. Номбурда аз соли 2015 дар Туркия кору фаъолият мекунад. Ӯро соли 2018 ва соли 2020 низ дар Туркия боздошт... Читать далее →

Воҳидхон Қосиддинов кист?

Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор, фаъоли иҷтимоӣ, раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, муовини собиқи раиси ҲНИТ, раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара ва раиси собиқи дастгоҳи ин ҳизб аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломӣ мебошад. Воҳидхон соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар оилаи косиб таваллуд шудаааст. Ӯ шаби 16-уми сентябри... Читать далее →

Мутаассифона, шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст

Ба қалами МАВҶУДА СОҲИБНАЗАРОВА, рӯзноманигор ва муовини раиси КШНГЗС Ҳукумати Тоҷикистон ба талаби пай дар пайи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон нисбат ба аз байн бурдани шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар таваҷҷӯҳе зоҳир наменамояд. Ҳатто муроҷиати хаттии наздикони зиндониён ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҷавоб... Читать далее →

Депорти Шовализода аз Австрия ба Тоҷикистон лаккаи нанге ба чеҳраи Аврупост

Ба қалами МАҲМУДҶОН ФАЙЗРАҲМОНОВ, раиси департаменти умури хориҷаи ПМТ Депорти Ҳизбулло Шовализода, шаҳрванди Тоҷикистон ва фаъоли тоҷик, аз Австрия ба Тоҷикистон бо вуҷуди ҳушдорҳои шадиди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз авоқиби он, як лаккаи нанге бар демократия ва озодихоҳии Аврупо ба шумор меравад. Баъди он ки ҷаноби Шовализода аз Австрия ба Тоҷикистон депорт шуд, ӯ бо... Читать далее →

Дар Бадахшон чӣ гузашт?

Ба қалами узви КШНГЗС аз Бадахшон, ки нахост номаш фош шавад Имрӯз 24 декабри соли 2021 аст. Фардо 25 декабр. Як моҳ мешавад, ки дар зодгоҳи ман Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҷиҳати масоҳат аз бузургтарин вилоятҳои кишвар буда, 226900 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳукумати вақт дастрасӣ ба интернетро масдуд кардааст. Як моҳ мешавад, ки... Читать далее →

“То ҷон дар бадан дорам, аз ҳаққи падарам дифоъ мекунам”

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳаминак дар зиндон ба сар мебарад ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, дар гуфтугӯ бо Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсӣ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо баёни ин ки се моҳ боз берун аз... Читать далее →

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод аст. Ӯ яке аз раҳбарони ИНОТ ва аз муҳимтарин фармондеҳони водии Рашт дар солҳои ҷанг ва пурнуфузтарин қӯмандони Тоҷикобод ба ҳисоб мерафт. Искандаров баъд аз ҷанг дар вазифаҳои мухталиф аз ҷумла ба унвони вазир дар “Тоҷикгаз” кору фаъолият кардааст. Ӯ аз соли... Читать далее →

Димон Ашӯров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон Димон Ашӯров, ки ба Давлатбек низ маъруф аст, зодаи 13 декабри соли 1982 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Димон дар рӯзи 20-уми августи соли 2012 аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ ба гумони ҳамдастӣ бо Имомназар Имомназаров дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба... Читать далее →

Маҳмадалӣ Ҳаит кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Маҳмадалӣ Ҳаит Маҳмадалӣ Ҳаит (Ҳайитов Маҳмадалӣ Раҳмонович), сиёсатмадор, фаъоли иҷтимоӣ, муовини раиси ҲНИТ, афсари собиқи Гурӯҳи кашшофи Шӯравӣ, узв ва фаъоли собиқи Созмони “Растохез” ва соҳиби нишони “Ситораи сурх” (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ) аст. Маҳмадалӣ Ҳаит ҳаминак узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ мебошад. Ӯ 20-уми октябри соли 1957 дар деҳаи Чоряккорони... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑