Дар Тоҷикистон ҳукмро додгоҳ содир намекунад, балки мақомот

Анора Саркорова, рӯзноманигор Додгоҳ ҳукм содир кард. Додгоҳ дар кишварҳое ҳукм содир мекунад, ки қонун дар онҳо амал мекунад ва қонунмадор ҳастанд. Дар Тоҷикистон аммо, ҳукмро мансабдорони баландпоя содир мекунанд ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ содир мекунад ё додситонӣ (прокуратура) ва ё гоҳе ҳам ВКД ва хулоса, афроде ҳукм содир мекунанд, ки як манфиат доранд,... Читать далее →

Манучеҳр Шеров, аз наздикон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро ба 10 сол зиндон маҳкум карданд

Ба гузориши расонаҳо, Манучеҳр Шеров, сокини 36-солаи шаҳри Хоруғ ва аз наздикони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро бо иттиҳоми “таҳқири намояндаи ҳокимият ва авбошӣ” ба 10 сол зиндон маҳкум кардаанд. Ба гузориши Радиои Озодӣ, Раёсати умури дохилии Бадахшон хабар дод, ки ҳукм 15-уми апрел содир шуд. Мурофиаро раиси Додгоҳи ноҳияи Рӯшон Зафар Бобизода баргузор кардааст. Бар асоси ин... Читать далее →

Кош бо сукут битавон наҷот ёфт?

Дар пайи боздошти Манучеҳр Шеров, сокини маҳаллаи Бархоруғ аз сӯи нерӯҳои Вазорати корҳои дохила, Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, тасреҳ кардааст: “Даври ҷадиди рӯёрӯии Душанбе ва мардуми Бадахшон метавонад боиси нооромии ҷиддии Тоҷикистон гардад, бахусус дар пасманзари бад шудани авзоъи иқтисодии кишвар ва вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.” Ин рӯзноманигор дар ёддоште дар сафҳаи худ... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑