Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хитоб ба шаҳрдори Хоруғ: “Ба ман амнистияи шумо лозим нест, мо бояд шуморо амнистия кунем, на шумо моро” – (Видео)

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз раҳбарон (лидерон)-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар ҷаласае бо ширкати шуморе аз мардум дар шаҳрдории Хоруғ, бо таъкид бар ин ки ӯ на хоҳони президент шудан аст ва на хоҳони раис шудан, хитоб ба шаҳрдори ҷадиди Хоруғ, Ризо Назарзода гуфт: “Агар раис бошӣ ва гӯшат кунанд, армияро барор. Ба ман амнистияи... Читать далее →

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров: “Тирборонам карданд, каме захм бардоштам.”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз раҳбарон (лидерон)-и Бадахшон, гуфт, ки аз як суиқасд наҷот ёфтааст. Вай дар гуфтугӯе бо яке аз ҳаводоронаш, ки навори он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст, бо баёни ин ки тирборонаш карданд ва каме захмӣ гардидааст, гуфт: “Тирборон шуд, камакак ранение бардоштам.” Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо баёни ин ки тир ба дасти росташ... Читать далее →

Фаврӣ: Суиқасди бенатиҷа ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

Субҳи имрӯз (ҷумъа, 4 марти 2022) ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров суиқасд воқеъ шуд, вале натиҷае надошт. Ба гуфтаи шоҳидон, ин суиқасд аз тарафи афроде бо либосҳои ғайринизомӣ дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сурат гирифтааст. Сомонаи Pamir Daily News, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони... Читать далее →

Матни пурраи муроҷиати полковник Мамадбоқир Мамадбоқиров ба мардуми Тоҷикистон ва мақомот

Салом алайкум. Ман Мамадбоқиров Мамадбоқир, сокини шаҳри Хоруғ ҳастам. Аз дасти Ҳукумати ВМКБ 30 сол мешавад, ки дар бало ҳастам. Сабабашро намедонам. Мумкин аст, ки каме ҳам бошад, тарафдори ростӣ ҳастам, гапи ҳақро мезанам ва мардумро каму беш дастгирӣ менамоям. Барои ҳамин ҳукуматдорон маро бад мебинанд.  Дар Бадахшон ҷавонон қариб намондаанд, муттахассисон ва ходимони моро... Читать далее →

Раиси Созмони ҳуқуқи башари “Озодии Авруосиё”: “Хунрезӣ дар Бадахшон мамнӯъ аст!”

Лейла Сейитбек, Раиси Созмони ҳуқуқи башари “Озодии Авруосиё” таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон бояд аз амалиёти низомӣ алайҳи мардуми осоиштаи Бадахшон парҳез кунанд. Вай дар паёме дар Твиттер навишт: “Мақомоти тоҷик аз таъқиби рақиби сиёсии худ ва ҷонибдорони ӯ бояд аз амалиёти низомӣ ва истифодаи аз ҳад зиёди нерӯи марговар худдорӣ кунанд. Дар миёни мардуми... Читать далее →

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров зодаи 10 октябри соли 1963 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз соли 1971 то 1981 дар мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Хоруғ ба номи Сайфулло Абдуллоев таҳсил кардааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна, Маҳмадбоқир дар соли 1981 вориди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑