Номаи сакушодаи КШНГЗС ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия бобати Маҳмурод Одинаев

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар номае саркушода ба Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо ишора ба вахомати вазъи Маҳмурод Одинаев, тақозои интиқоли фаврии ӯ ба бемористон ва расидагӣ ба ҳоли ӯ шуд. Матни номаи КШНГЗС ба тартиби зерин аст: Ҷаноби Мансурҷон Умаров, муовини вазир ва... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди вазъи саломатии зиндонии сиёсӣ, Маҳмурод Одинаев

Ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз дохили зиндон, ки дар он маҳбуси сиёсӣ Маҳмурод Одинаев нигоҳ дошта мешавад хабар расид, ки саломатии Маҳмурод Одинаев хеле бад шудааст. Ин хабар боиси нигаронии мо гардидааст. Бино ба гуфти нафари хабаррасон, вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, зиндонии сиёсӣ ва муовини собиқи раиси ҲСДТ, то... Читать далее →

Зодрӯзат муборак бошад, Маҳмурод!

Имрӯз (1-уми март) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, марди озодаву озодихоҳ ва ҳақҷӯю ҳақгӯй, яке аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, Маҳмурод Одинаев аст. Ӯ дар баробари зулму ноадолатӣ рӯ дар рӯи золимон истод ва дар ҳоле, ки хелеҳо мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд, қад алам намуда, ҳақоиқро баён кард ва аз гуфтани сухани ҳақ ибо наварзид, мушкилоти ҷомеа... Читать далее →

Чаро ман ба Маҳмурод Одинаев эҳтиром қоилам?

Фарҳод Худоёров Соли 2016 маро барои бозпурсӣ ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Ман дар Ғарм будам, ба Душанбе рафтам. Дар роҳ ба Одинаев Маҳмурод занг задаму воқеъаро нақл кардам. Ва ӯ аз ман хост, ки аввал ӯро бубинам. Тибқи ваъдаи дидор, мо вохӯрдем, дар маҳаллаи 103-и пойтахт. Ба хона даромада, бо ҳам маслиҳати чӣ гуна... Читать далее →

Маҳмурод Одинаев кист?

Маҳмурод Одинаев зодаи 1 марти соли 1962-и шаҳри Ҳисор ва сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ҳамин шаҳр аст. Вай пас аз хатми мактаби миёна, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқ (юридический факультет) таҳсил ва аз он фориғуттаҳсил шудааст. Одинаев ҳуқуқшинос (юрист) аст. Ӯ яке аз фаъолони барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда мешавад. Одинаев пеш аз зиндонӣ шуданаш,... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС: Маҳмурод Одинаев фавран озод шавад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) эътирози шадиди худро бобати дастгирӣ ва боздошти ғайриқонунии Маҳмурод Одинаев - муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), иброз медорад. Дар 7 декабри соли ҷорӣ, Додгоҳи шаҳри Ҳисор бо дастгирӣ ва ҳабси пешакии ин сиёсатмадори мухолиф барои ду моҳ бидуни риояти қонун ва меъёрҳои мурофиавӣ, худро ба... Читать далее →

Яке аз раҳбарони мухолифон дар Тоҷикистон рабуда шуд

Инак чаҳорумин рӯз аст, ки Маҳмурод Одинаев, яке аз раҳбарони Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон – ки танҳо ҳизби расмии мухолиф дар кишвар ба шумор меравад – рабуда шуда ва ба таври ғайриқонунӣ дар як макони номаълум нигаҳ дошта мешавад. Намояндаи расмии Вазорати дохилаи Тоҷикистон, Нусратулло Маҳмудзода, боздошт ва таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтани Одинаев аз тарафи ин... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑