Чоршанбиев ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” маҳкум мешавад?

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, ошкор кард, ки баъд аз таътилоти наврӯзӣ ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА) эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин варзишкор ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” (моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) айбдор хоҳад шуд. Ҷонӣ дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук бо... Читать далее →

Ин рӯзҳо дар деҳаи Тавдем модаре Наврӯз надорад

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар бораи ғаму ғуссае, ки имрӯзҳо Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин ба хотири аз даст додани писараш аз сар мегузоранд, навиштааст. Вай бо ишора ба ин ки “чор моҳ аз қатли Гулбиддин Зиёбеков гузашта”, ёдовар шудааст, ки аммо “на дигар гап аз тафтиши воқеа, на қотилони... Читать далее →

Чаро Амриддин аз иҷрои адолат навмед шуда?

Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ бо ишора ин ки адвокатҳои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар як сӯҳбати тӯлонӣ тавонистаанд, Амриддинро мутмаин созанд, ки ҳимояти онҳо зарур аст, хотиррасон кардааст: “Амриддин Аловатшоев дар ҳолати навмедӣ ва афсурдаҳолӣ гуфта буд, ки ба ҳимояти касе мӯҳтоҷ нест ва ба адолат бовариаш намондааст.” Ин рӯзноманигор дар ёддоште навиштааст: “Амриддин Аловатшоевро розӣ... Читать далее →

Чоршанбе Чоршанбиев: “Муқобили ноадолатӣ бархезед; алайҳи беадолатӣ ба мардуми бегуноҳ!”

Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА), ки дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст, дар суханоне дар додгоҳ, бо тарҳи ин суол аз мардуми дунё ва Тоҷикистон, ки “то кай тоқат? Адолат магар ҳамин аст?”, даъват кардааст, ки муқобили ноадолатӣ бархезанд, “алайҳи беадолатӣ ба мардуми бегуноҳ.” Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар... Читать далее →

Чоршанбиев пушти дарҳои баста додгоҳ мешавад

Додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори маъруфи ҳунарҳои размӣ (ММА), ки ахиран дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд, дар санаи 1-уми марти соли ҷорӣ пушти дарҳои баста ва дар боздоштгоҳи КДАМ баргузор мешавад. Дар ин хусус, Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори маъруфи тоҷик хабар дод. Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт: “Суди... Читать далее →

Амриддин Аловатшоевро нишон диҳед!

Корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти кишвар дархост кардаанд, фавран Амриддин Аловатшоевро нишон диҳанд. Гуфта мешавад, вай дар асари шиканҷаи зиёд дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ мебошад. Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро... Читать далее →

Ҳукумат аз помириҳо ҳаққи шикояту даъворо гирифтан мехоҳад – (Акс)

Рустами Ҷонӣ Ҳукумат аз помириҳо забонхат мегирад, ки эътирозу тазоҳур накунанд. Ҳич касро дифоъ нанамоянд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро, ки мақомот “сардори аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” меномад, “муҳофизати ғайриқонунӣ” накунанд. Дар акс худро шарики ҷиноят бояд эътироф кунанд ва: “Дар ҳолати... боздошти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоят ва ягон даъво пешниҳод” накунанд, - омадааст дар забонхат. Яъне,... Читать далее →

Мутахассис: “200% бар ин боварам, ки Амриддинро задаанд”

Рустами Ҷонӣ Аз табибе, ки дар бахши ташхиси намои инсон маҳорати бесобиқа дорад, хостем вазъи Амридин Аловатшоевро аз рӯи тасвир ва видео баҳо диҳад. Ному насаби ӯро намеорем, чунки намехоҳем сабаби таҳдид ба ҷону озодиаш шавем. Фақат мегӯям, ӯ дар ҷои бонуфузе дар яке аз кишварҳои Аврупо кор мекунад. Барои ташхис тасвир ва видеои зиёд... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑