Корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти кишвар дархост кардаанд, фавран Амриддин Аловатшоевро нишон диҳанд. Гуфта мешавад, вай дар асари шиканҷаи зиёд дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ мебошад. Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро... Читать далее →
Сураҷ Назаров кист?
Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон Назаров Сураҷ Хушвақтович, зодаи 9 сентябри соли 1975 дар рустои Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Сураҷ мактаби миёнаи рақами 4-и маркази ноҳияи Ванҷро хатм кардааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ ва дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон таҳсил ва онро бо муваффақият хатм... Читать далее →
Димон Ашӯров кист?
Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон Димон Ашӯров, ки ба Давлатбек низ маъруф аст, зодаи 13 декабри соли 1982 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Димон дар рӯзи 20-уми августи соли 2012 аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ ба гумони ҳамдастӣ бо Имомназар Имомназаров дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба... Читать далее →
Шерик Карамхудоев кист?
Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон Карамхудоев Шерик Элчибекович зодаи 29 апрели соли 1970 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ӯ мактаби миёнаи ба номи Юрий Гагарини шаҳри Хоруғро хатм ва сипас дар риштаи бухгалтерии Техникуми ҳамин шаҳр шурӯъ ба таҳсил кард, аммо ба сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ, муваффақ ба итмоми таҳсил дар ин... Читать далее →



