Ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Сикорский


Муҳтарам ҷаноби Вазир,
Мо — намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони сиёсӣ, озодихоҳон ва мухолифони режими Раҳмонов,ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият дорем, бо эҳтироми зиёд ин муроҷиатро ба Шумо ирсол менамоем.
Бо нигаронии амиқ ба иттилоатон мерасонем, ки Сафири Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Саторов аз мақом ва имтиёзҳои дипломатии худ суистифода намуда, ба фаъолиятҳое даст мезанад, ки берун аз доираи ваколат ва уҳдадориҳои расмии дипломатияш мебошанд.
Мо қаблан чунин муроҷиатеро ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ирсол намуда будем. 
Дар он муроҷиат иттилоъ дода будем, ки Сатторов бо дастуру супоришҳои сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус мухолифони сиёсӣ ва фаъолон машғул аст. 
Ҳамчунин бо мусоидат ва саҳми Имомуддин Саторов дар қаламрави Олмон созмоне бо номи “Пайванд” фаъолият менамояд, ки худро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ муаррифӣ мекунад, вале, дар асл ба фаъолияти таблиғотӣ ва иттилоотӣ барои сохторҳои амниятии ҳукумати Тоҷикистон машғул аст.
Гузашта аз ин, маълум аст, ки тавассути ин шабака аз бархе донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки дар бораи ҷойи кор, фаъолияти худ, ҳамкорон ва мусофироне, ки дар он меҳмонхонаҳо иқомат мекунанд, маълумот ҷамъоварӣ ва ба сафорат пешниҳод намоянд.
Ҷаноби Сатторов ва тимаш фаъолияти шабеҳро дар Лаҳистон низ роҳандозӣ намудаанд. Онҳо мехоҳанд бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон ва тавсияи ҷаноби Сатторов ташкилоти «Ҷамъияти тоҷикони Лаҳистон»-ро ба қайд гиранд. Ба эҳтимоли зиёд, фаъолияти ин ташкилот низ ба «Пайванд»-и Олмон монанд буда, ба ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус мухолифони сиёсӣ, ва ҳамкорӣ бо сохторҳои амниятии Тоҷикистон ва Русия равона мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаноби Имомуддин Сатторов дар солҳои 2014–2021 сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд. Дар он давра бо ҳамоҳангӣ бо сохторҳои амниятии Русия садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври гуногун, аз ҷумла ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, баъдан мавриди таъқиб ва маҳрумият аз озодӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ӯ аз замони донишҷӯӣ бо мақомоти амниятии собиқ шӯравӣ ҳамкорӣ дошта ва то ҳол робитаҳои худро бо сохторҳои ҷосусии Русия нигоҳ доштааст. 
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мо бо эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоем, ки фаъолияти чунин шахсонеро, ки таҳти ниқоби мақоми дипломатӣ амал намуда, метавонанд ба амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷомеаи Лаҳистон ва паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон таҳдид эҷод намоянд, ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, чораҳои дахлдорро андешед.
Мо умед дорем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон, ҳамчун ниҳоди пойбанд ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои демократӣ, ба ин муроҷиат беэътиноӣ нахоҳад кард.
Бо камоли эҳтиром,
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ,фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Меҳмоншо Шарифзода — фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеашинос
  2. Абдусатор Бобоев — раиси К Ш Н Г З С-и Тоҷикистон
  3. ⁠Ҷамшед Ёров — ҳуқуқшинос
  4. ⁠Суҳроби Ҷаҳон — фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
  5. ⁠Манучеҳри Куҳистонӣ- фаъоли сиёсӣ
  6. ⁠Абдулқодир Шехов- роҳбари ҷамъияти тоҷикони “Нур” дар Олмон
  7. ⁠Шӯҳрати Раҳматуллоҳ -рӯзноманигор
  8. ⁠Аҳмад Карим -фаъоли сиёсӣ
  9. ⁠Дилшод Шарипов — роҳбари “Гурӯҳи 24”
  10. ⁠Муҳаммадиқболи Садриддин- роҳбари ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
  11. ⁠Шарофиддин Гадоев- роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон
  12. ⁠Фирузи Ҳайит — рӯзноманигор
  13. ⁠Азимҷон Якинов — фаъоли сиёсӣ

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑