Изҳороти

Кумиитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндонёни сиёсии Тоҷикистон

Кумиитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндонёни сиёсии Тоҷикистон бо эҳсоси амиқи нигаронӣ ва эҳтирози қатъӣ нисбат ба боздошт ва истирдоди иҷбории Амчигул Амиршоева модари ҷавони кушташуда Тӯтишо Амиршоев изҳороти шадидуллаҳни худро баён медорад.

Ин ҳодиса як мавриди ҷудогона нест. Ин идомаи сиёсати системавии саркӯб, таъқиб ва хомӯш кардани ҳар гуна садои ҳақталабӣ мебошад, ки солҳост алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бахусус сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ мегардад.
Амчигул Амиршоева танҳо барои он мавриди таъқиб қарор гирифт, ки ҳамчун як модари доғдида ҳаққи табиии худро талаб кардани адолат барои фарзанди кушташудааш истифода бурд.

Кшнгзст ин амалро як дуздии фаромарзии сиёсӣ арзёби менамояд. Ин як амали тарсондан ва хомӯш кардани дигарон аст. Ин як намунаи равшани поймолкунии ҳуқуқи инсон аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии баён ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ ва ҳуқуқ ба ҳифз аз боздошти худсарона мебошад.
Ин боздошт дар қаламрави кишвари дигар анҷом шуда бо иштироки ниҳодҳои қудратии ду давлат сурат гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол аз тасдиқ ё рад кардани расмии ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, ки ин худ нишонаи пинҳонкорӣ ва беэҳтиромӣ ба қонун аст. Як зани осебпазир, ки аллакай қурбонии фоҷиае шудааст, дубора таҳти таъқибу фишор қарор мегирад.

Кшнгзст таъкид мекунад, ки таъқиби хешовандони қурбониён бахусус модарон амали ғайриинсонӣ, ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ мебошад. Ин рафтор наметавонад бо ягон далели амниятӣ ё сиёсӣ сафед карда шавад. Кшнгзст аз мақомоти Тоҷикистон талаб менамояд, ки фавран ва бидуни таъхир ҷойгиршавӣ, вазъи саломатӣ ва мақоми ҳуқуқии Амчигул Амиршоеваро ошкор намоянд. Ба ӯ дастрасии комил ба вакили дифоъ, наздикон ва кумаки тиббӣ таъмин намоянд. Ҳар гуна шакли фишор, шиканҷа ва маҷбуркуниро қатъ намоянд. Таъқиби хешовандони қурбониёни ҳодисаҳои Бадахшон ва дигар шаҳрвандони фаъолро фавран хотима диҳанд.

Кшнгзст ҳамчунин аз мақомоти Федератсияи Русия талаб мекунад, ки шарҳи расмӣ бидиҳанд.
Бар асоси кадом меъёрҳо ва бо кадом асосҳои ҳуқуқӣ як зани осоишта ба дасти мақомоте супурда мешавад, ки дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон борҳо мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтаанд?

Кшнгзст аз ҷомеаи байналмилалӣ аз ҷумла созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳои бонуфуз даъват мекунад, ки ба ин ҳодиса вокуниши фаврӣ ва қатъӣ нишон диҳанд. Талаби озодии бечунучарои Амчигул Амиршоеваро матраҳ намоянд. Фишори дипломатиро барои қатъи чунин амалҳои ғайриқонунӣ афзоиш диҳанд. Назорат бар вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бахусус дар Бадахшон шадидтар гардонида шавад.

Кшнгзст ҳушдор медиҳад,, ки идомаи чунин амалҳо метавонад ба афзоиши беэътимодӣ, нооромӣ ва бадтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар оварда расонад. Таъқиб ва саркӯб ҳеҷ гоҳ субот намеорад он танҳо адолатро аз байн мебарад.

Кумитаи шаҳрвандии гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава, Полша
16.04.2026

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑