НОМА САРКУШОДА БА СММ

Аз номи Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон

Ба дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон

Муҳтарам Комиссари Олӣ, ҷаноби Фолкер Турк

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон нигаронии амиқи худро дар робита ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи фарзандон ва наздикони Зайд Саидов ба таври расмӣ ба Шумо иттилоъ медиҳад.
Бояд хотиррасон кунем, ки дар робита ба парвандаи зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов СММ низ бетарафӣ зоҳир нанамуда, боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудани ӯро ғайриқонунӣ номид ва аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд, ки ӯ беқайду шарт озод карда шавад.
Мутаассифона, Тоҷикистон на фақат ин дархостро нодида гирифт, балки тӯли ин ҳама сол тамоми корхонаҳои саноатие, ки ин соҳибкор бунёд намуда буд, ба фоидаи давлат мусодира карда шуданд ва чанд корхона, ки садҳо нафарро соҳиби ҷойи кор намуда буд, фаъолияти худро қатъ сохтанд. Аммо аз ин ҳукумат хулосае ҳам набаровард, ки Зайд ба ҷойи зарар ба иқтисоди Тоҷикистон фоидаи зиёде овардааст ва пеши роҳи муҳоҷирати меҳнатии ҷавонони тоҷикро, ки аз бекорӣ рӯ ба ҳиҷрат меоваранд, гирифтааст, ки дар робита ба парвандаи зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов, ки СММ низ боздошт ва зиндонӣ шудани ӯро ғайриқонунӣ номида буд, нишонаҳои эҳтимолии нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба манзил ва моликият, ба миён омадаанд.

Чун парвандаи Зайд Саидов бофта ва сохтаи худи мақомот буд, додгоҳ исбот карда натавонист, ки амволи Зайд Саидов бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст. Бояд гуфт, ки тибқи кодекси ҷиноятии Тоҷикистон агар додгоҳ исбот кунад, ки амвол бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст, онро ба фоидаи давлат мусодира мекунанд. Зайд Саидов, ки дар тӯли фаъолияти худ дар Тоҷикистон чун тоҷири муваффақ ва шахси ободкор ном бароварда буд, сармоягузорони хориҷӣ низ мехостанд фақат бо ин шахс кор кунанд, яъне Зайд барои сармоягузорони хориҷӣ кафолати бехатарӣ буд.
Шахсе, ки барои сохтмони нерӯгоҳи бузурги барқи обии кишвараш ва аз бебарқӣ наҷот додани мардумаш аз кисаи худаш 2 миллион хайр мекунад, чӣ гуна ба ҷайби давлат даст мезанад?
Ин саволро боре ҳам ҳукуматдорони Тоҷикистон, ки чашму дасташон пайваста ба сӯи институтҳои кӯмакрасон аст, ба худашон намедиҳанд ва баъди зиндонӣ шудани ин соҳибкор то ҳол ҳам аз азияти пайвандонаш даст накашидаанд.

Зайд Саидов 13 сол мешавад, ки дар зиндон аст ва тӯли ин 13 сол мақомоти интизомии кишвар аз озори наздиконаш даст намекашанд. Сездаҳ сол боз ҳукумат ба ин хонавода таҳдиди аз хона бехона шуданро мекунад ва наздики 30 нафар пайвандони Зайд Саидов азияти рӯҳиву равонӣ мекашанд.

Чанд рӯз пештар писари ин соҳибкор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва Радиои Озодӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кард, ки онҳоро аз манзилҳои истиқоматияшон маҳрум насозанд. Тибқи қонунҳои байналмилалӣ низ манзили ягонаи истиқоматии маҳкумшуда ва оилаи ӯро мусодира кардан мумкин нест, махсусан агар дар он кӯдакон зиндагӣ кунанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам омадааст, ки «Давлат бояд шаҳрвандонро аз бесарпаноҳӣ ҳифз кунад». Аммо ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан худи Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки кафили ҳифзи қонунҳои Тоҷикистон мебошад, онро бераҳмона поймол мекунад ва кафолати озод дар кишвари ҳуқуқбунёд зиндагӣ намудани шаҳрвандонро аз байн мебарад.
Бисту ҳафт нафар аъзои хонавода, ки 17 нафарашон кӯдакон мебошанд, имрӯз барои «гуноҳи» падар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ҷазо мегиранд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро ин амали ғайринсонии ҳукумати Тоҷикистон сахт ба ташвиш овардааст ва мо аз Шумо дархост мекунем, ки ба ин қазия расидагӣ намоед ва тавассути фишор аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намоед, ки ба ин поймол намудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хотима диҳанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава, Полша
15.04.2026

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑