Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндонёни сиёсии Тоҷикистон, бо орзуи озодӣ, аз самими қалб зодрӯзи сиёсатмадори варзида, профессор ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми ҳуқуқ устод Шокирҷон Ҳакимовро самимона табрик менамояд.
Устод Шокирҷон Ҳакимов шахсияти барҷастаест, ки тамоми фаъолияти худро ба адолат, волоияти қонун ва рушди ҷомеа бахшидааст. Мутаассифона, имрӯз ӯ беш аз ду сол аст, ки бидуни исботи гуноҳ дар зиндон қарор дошта, зери фишорҳои равонӣ ва ҷисмонӣ қарор дорад. Ин вазъ на танҳо поймолшавии ҳуқуқҳои инсон аст, балки намунаи равшани беадолатӣ нисбат ба як донишманд ва шахси ватандӯст маҳсуб меёбад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндонёни сиёсӣ иттиҳомоти эълоншуда алайҳи устод Шокирҷон Ҳакимовро беасос ва сохта мешуморад. Маҳрум намудани ӯ ба муҳлати тӯлонии зиндон он ҳам 18 сол бо баҳонаи «ғасби ҳокимият» ба назари мо, танҳо дорои ангезаи сиёсӣ буда, як туҳмати маҳз мебошад.
Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамоем:
- парвандаи устод Шокирҷон Ҳакимовро бознигарӣ намояд;
- ӯро бидуни қайду шарт озод кунад;
- ба қонун ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад.
Ҳамзамон, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ, бахусус созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, даъват менамоем, ки ба ин қазия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои устод Шокирҷон Ҳакимов ва дигар зиндонёни сиёсӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар ин рӯзи муҳим, ба устод саломатии бардавом, сабру устуворӣ ва озодии ҳарчи зудтар орзу мекунем. Мо бовар дорем, ки адолат ҳатман пирӯз хоҳад шуд.
Бо эҳтиром,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндонёни сиёсии Тоҷикистон
Варшава,
19.04.2026





Оставить комментарий